+992 (92) 840-10-04

Барои истифодаи драйвери TajGraf дар компютер бояд насб кард. Пас аз насби драйвер аз панели вазифаҳо тақсимоти забонро ба русӣ>тоҷикӣ иваз намудан лозим аст.

Барои истифодаи дурусти имкониятҳои драйвер бо рӯйхати ҷойгиршавии ҳарфҳои тоҷикӣ ошно гардед:

Ҷойгиршавии ҳарфҳои тоҷикӣ дар клавиатура
Ҳарфи англисӣ/русӣ (рамз) Ҳарфи тоҷикӣ
1 -/_ Ғ
2 W/Ц Қ
3 M/Ь Ӣ
4 =/+ Ӯ
5 O/Щ Ҳ
6 S/Ы Ҷ

Ҳар яки барномаҳо дар компютерҳои оилаи IBM кор мекунанд, ки: HDD 15 MB холи доранд, RAM 32 MB, ва системаи оператсиониаш ба оилаи Windows дохил мешавад.

Барои истифодаи модули TajSpell мавҷудияти MS Office дар системаи Windpws ё OpenOffice дар системаи Linux лозим аст.

Барномаи TajSpell 1.0 чӣ тавр истифода мешавад?

Тафтиши орфографӣ: барои тафтиши орфогграфӣ дар MS Word 97/2000/XP/2003/2007 ва дигар лоиҳаҳо аз сатри менюи Сервис (Tools) фармони Правописание-ро (Spelling) интихоб кунед ё дар панели асбобҳо тугмаи Правописание-ро пахш кунед, ё инки тугмаи F7-ро пахш кунед. Тартиби тафтиш дар расм пешкаш шудааст.

Модули аз сатр ба сатр гузаронӣ: Барои дуруст аз сатр ба сатр гузаронии калимаҳо забони матн тоҷикӣ ишорат дошта бошад. Барои ба таври автоматӣ ба роҳ мондани аз сатр ба сатр гузаронӣ дар MS Word 97/2000/XP/2003/2007, дар менюи Сервис (Tools) зерменюи Язык / Расстановка переносов (Language / Hyphenation)-ро интихоб кунед.

Барномаи 4in1 Dictionary чӣ тавр истифода мешавад?

Барнома ба таври автоматӣ ҳангоми ворид намудани ҳуруф ба ҷустуҷӯи калимаи монанд медарояд, ки ин усул ба графикаи компутерӣ стандартӣ вобаста карда шудааст. Ҳамчунин барнома менюи оддӣ ва панели интихоби луғатҳоро дорост.

Луғат функсияи гузориши калимаро ба сатри воридкунанда аз буфери мубодилотро дорост.

4in1 Dictionary