+992 (92) 840-10-04

Маркази рушди технологияҳои иттилоотӣ «Зафар Усмонов»

Ташкилоти ҷамъиятии МРТИ «Зафар Усмонов» дар соли 2012 баҳри рушди илму маориф ва фарҳанги иттилоотӣ бо истифодаи технологияҳои компютерӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташкил гардид.

Маркази рушди технологияҳои иттилоотӣ ба номи академики АИ ҶТ, профессор, доктори илмҳои физика ва математика Усмонов Зафар Ҷураевич номгузорӣ шудааст.

Ташкилкунандагони марказ шахсони маъруф ва муаллифони ихтироотҳои ба соҳаи рушди технологияҳои иттилоотӣ таалуқ дошта, ки аз тарафи мутахассисони ин соҳа ноили аҳсан гардидаанд: Усмонов З.Ҷ., Мақсудов А.Т., Мақсудов Х.Т., Солиев О.М. ва Худойбердиев Х.А. мебошанд.

Ба ТҶ МРТИ - Зафар Усмонов ҳуқуқи фурӯш ва паҳн гардонидани маҳсулотҳои муаллифон дода шудааст.

Мо ҳамаи хоҳишмандонро баҳри ҳамкорӣ ва пешбурди ҷабҳаҳои пешбарандаи ҷомеъа даъват месозем.

Ба оғоз