+992 (92) 760-10-04

Шарҳи ҳол

Усмонов Зафар Ҷӯраевич дар моҳи августи соли 1937 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) таваллуд шудааст.

Падараш Усмонов Ҷӯра (1907 - 1974) – таърихшинос ва рӯзноманигори шинохта, олими намоён, номзади илмҳои таърих, дотсент, зодаи шӯрои деҳоти Кӯчкаки шаҳри Конибодом.

Модараш Усмонова (Аҳророва) Ҳамро (1914 – 2005) ходими ҳизбӣ буда, дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст.

Зафар Ҷӯраевич соли 1944 дар мактаби миёнаи № 1 шаҳри Душанбе таҳсилро оғоз намуда дар соли 1954 онро хатм намудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1959 донишҷӯи Донишгохи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов ва фориғуттаҳсили аълохони бахши механикаи факултети механикаю математикаи донишгоҳи номбурда гаштааст.

Соли 1959 пас аз хатми донишгоҳ ба аспирантураи Шӯъбаи механикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов таҳсил намуда, аввал таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ СССР, Барандаи ҷоизаи ба номи Ленин – Н.Г.Четаев (вафот соли 1959) оид ба устувории ҳаракат, баъдан таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ СССР, барандаи ҷоизаи ба номи Ленин, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ – Д.Е.Охотcимский роҷеъ ба масъалаҳои траекторияи оптималии гузариш байни орбитаҳои кайҳонӣ кор бурдааст.

Устод Зафар Ҷӯраевич Усмонов дар давоми фаъолияташ боз вазифаҳои зиёди бонуфузро ба ӯҳда дошт:

- узви вобастаи АФ РСС Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «математика»;

- академик- котиби Шӯъбаи фанҳои физикаю математика, химия ва геология;

- аъзои раёсати АФ Тоҷикистон;

- сармуҳаррири маҷаллаи «Известия АН Таджикской ССР, серия физико – математических наук»;

- директори Институти математика бо Маркази ҳисоббарории АФ РТ (1988 - 1999).

Ӯ ба унвонҳои илмии зерин сазовор гардидааст:

- унвони илмии профессори кафедраи «математикаи амалӣ»-и ДДТ;

- профессори филиали дар Волжский будаи Институти энергетикаи Москва;

- академики АФ Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «математика».

Хизматҳои шоёни ӯ дар назди халқу ватан бо нишон ва ифтихорномаҳои зиёде қадрдонӣ шудаанд:

- бо медали «Барои хизмати шоиста. Ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин»;

- бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои олии РСС Тоҷикистон;

- бо нишони фахрии ВЛКСМ ба муносибати 70-солагии комсомоли Ленинӣ;

- бо нишони Кумитаи варзиш ва маданияти назди Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон «Ветеран физкультуры и спорта Таджикской ССР»;

-Собиқадори меҳнати Федератсияи Руссия(1998).

Ба ғайр аз фаъолияти илмӣ, ӯ сиёсатмадори варзида буда, намояндагии чандин маҳфилҳои сиёсиро ба ӯҳда дошт:

-Намояндаи Шӯрои олии РСС Тоҷикистон(1985 -1990);

-Намояндаи анҷумани XX Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон(1986);

-Аъзои комиссияи тафтишотии КМ ПК Тоҷикистон;

-Намояндаи анҷумани XXI ПК Тоҷикистон

Паҳлӯҳои дигари фаъолияти илмию сиёсии З.Ҷ.Усмонов дар фаслҳои «Санаҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти академик З.Ҷ.Усмонов» ва «Номгӯи корҳои илмии нашршудаи академик З.Ҷ.Усмонов» батафсил оварда шудаанд ва хонандаи мӯҳтарам метавонад аз онҳо маълумоти лозимӣ дарёфт кунад.

Ба оғоз