+992 (92) 840-10-04

TajSpell 1.0 – Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар MS Office.

TajSpell 1.0 ин модули тафтиши имлои забони тоҷикӣ ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо дар барномаҳои Microsoft Office ва дигар барномаҳо аст, ки дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кормандони кафедраи «Таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ» Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва мактаби илмии лингвистикаи тоҷикӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази рушди технологияҳои иттилоотӣ Зафар Усмонов” бо ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии Microsoft сохта шудааст.

Тафтиш ва аз сатр ба сатр гузаронӣ бо имкониятҳои стандартие, ки дар ҳамаи барномаҳои Microsoft Office ҷой дода шудаанд, ба роҳ монда мешавад. Яъне Шумо бо забони тоҷикӣ ба монанди забонҳои русӣ ва англисӣ метавонед, тафтиши орфографӣ ва тарзи дурусти аз сатр ба сатр гузарониданро иҷро кунед. Барои ин бояд танҳо TajSpell-ро ҷойгир карда, забони матнро — «Таджикский» интихоб кунед.

Хосиятҳои асосӣ:

Модули тафтиши орфографии матнҳо дар забони тоҷикӣ:

Ҳаҷми луғати орфографӣ — зиёда аз 69 000 воҳидҳои лексикӣ (префикс, асос, постфикс). Аз ин 69 000 воҳидҳои лексикӣ дар ҳаҷми 7-10 млн. калимаҳои гуногун ҳосил карда мешаванд. Луғати истифода шуда, дар асоси натиҷаҳои бисёрсолаи корҳои илмӣ тадқиқотии олимони соҳаи лингвистикаи компютерӣ доктори илмҳои физика ва математика Усмонов Зафар Ҷӯраевич, номзадҳои илмҳои физика ва математика Солиев Одилхӯҷа Маҳмудхӯҷаевич, Худойбердиев Хуршед Атохонович, Довудов Гулшан Мирбаҳоевич ба даст омадааст.

Модули орфографӣ ба истифодабаранда дар айни вақт имконияти тафтишро фароҳам мекунад, яъне бевосита дар вақти ҳуруфчинӣ ва/ё воридкунии матн калимаи ғалатдор бо зерхати сурхи морак ишорат карда мешавад. Дар ин ҳолат, истифодабаранда метавонад ислоҳот дарорад, яъне тугмаи ростро пахш карда варианти дурустро интихоб кунад ё калимаро ба луғат илова кунад. Модули тафтиши орфографӣ ба версияи 3-юми стандарти CSAPI (Common Spelling Application Programming Interface) мувофиуат мекунад. Барномаҳое, ки функсияи тафтиши орфографӣ бо технологияи Microsoft CSAPI сохта шудаанд, ба таври автоматӣ тафтиши матни забони тоҷикиро дастгирӣ мекунанд.

Модули аз сатр ба сатр гузаронии калимаҳои матни забони тоҷикӣ дар MS WORD 2000,XP,2003,2007.

Модули зерин имконияти ба тарзи дуруст аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳоро дар барномаи MS Word имконият дода, ҳамчун як модули иловагии тафтиши орфографии матни тоҷикӣ ҳисоб мешавад. Аз сатр ба сатр гузаронии калимаҳо бо ёрии алгоритми шахсии Солиев О.М., ки ба қоидаҳои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Модули тезауруси забони тоҷикӣ дар MS WORD 2000,XP,2003,2007.

Модули зерин барои калимаи пешниҳодшудаи тоҷикӣ рӯихати калимаҳои ҳаммаъно (синоним), аз манбаи калимаҳои тезаурус пешниҳод мекунад. Айни ҳол дар модули тезаурус ба миқдори 2000 калимаҳои ҳаммаъно нигоҳ дошта шудааст.