+992 (92) 840-10-04

TajGraph - драйвер барои клавиатура

Драйвери TajGraf баҳри дохил намудани ҳуруфҳои тоҷикӣ ба қатори тақсимотҳои клавиатурӣ бар ҳудуди системаи оператсионӣ Windows XP коркард шудааст.

TajGraf танҳо дар ҳудуди барномаҳое, ки Unicode-ро дарбар мегиранд кор мекунад.

Муҳим: дар ҳолати истифодаи драйвер ба шрифтҳои Palatino Linotype ва Arial Unicode MS бартарӣ дода мешавад

4in1 Dictionary

4in1 Dictionary

Барнома барои тарҷумаи калимаҳо аз забонҳои русӣ, англисӣ ба тоҷикӣ ва баръакс коркард карда шудааст ва ҳамчунин бо мақсади осон намудани азхудкунии забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ ёри мерасонад.

4in1 Dictionary дар дорои:

базаи забонҳои тоҷикӣ-русӣ - 42 000
аз он ҷумла калима банди зиёда аз 27 000;

базаи забонҳои русӣ-тоҷикӣ - 68 000
аз он ҷумла калима банди зиёда аз 54 000;

базаи забонҳои англисӣ-тоҷикӣ - 12 000
аз он ҷумла калима банди зиёда аз 5 000;

базаи забонҳои тоҷикӣ-англисӣ - 24 000
аз он ҷумла калима банди зиёда аз 11 000;

TajSpell 1.0 – Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар MS Office.

TajSpell 1.0 ин модули тафтиши имлои забони тоҷикӣ ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо дар барномаҳои Microsoft Office ва дигар барномаҳо аст, ки дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кормандони кафедраи «Таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ» Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва мактаби илмии лингвистикаи тоҷикӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази рушди технологияҳои иттилоотӣ Зафар Усмонов” бо ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии Microsoft сохта шудааст.

Тафтиш ва аз сатр ба сатр гузаронӣ бо имкониятҳои стандартие, ки дар ҳамаи барномаҳои Microsoft Office ҷой дода шудаанд, ба роҳ монда мешавад. Яъне Шумо бо забони тоҷикӣ ба монанди забонҳои русӣ ва англисӣ метавонед, тафтиши орфографӣ ва тарзи дурусти аз сатр ба сатр гузарониданро иҷро кунед. Барои ин бояд танҳо TajSpell-ро ҷойгир карда, забони матнро — «Таджикский» интихоб кунед.

Хосиятҳои асосӣ:

Модули тафтиши орфографии матнҳо дар забони тоҷикӣ:

Ҳаҷми луғати орфографӣ — зиёда аз 69 000 воҳидҳои лексикӣ (префикс, асос, постфикс). Аз ин 69 000 воҳидҳои лексикӣ дар ҳаҷми 7-10 млн. калимаҳои гуногун ҳосил карда мешаванд. Луғати истифода шуда, дар асоси натиҷаҳои бисёрсолаи корҳои илмӣ тадқиқотии олимони соҳаи лингвистикаи компютерӣ доктори илмҳои физика ва математика Усмонов Зафар Ҷӯраевич, номзадҳои илмҳои физика ва математика Солиев Одилхӯҷа Маҳмудхӯҷаевич, Худойбердиев Хуршед Атохонович, Довудов Гулшан Мирбаҳоевич ба даст омадааст.

Модули орфографӣ ба истифодабаранда дар айни вақт имконияти тафтишро фароҳам мекунад, яъне бевосита дар вақти ҳуруфчинӣ ва/ё воридкунии матн калимаи ғалатдор бо зерхати сурхи морак ишорат карда мешавад. Дар ин ҳолат, истифодабаранда метавонад ислоҳот дарорад, яъне тугмаи ростро пахш карда варианти дурустро интихоб кунад ё калимаро ба луғат илова кунад. Модули тафтиши орфографӣ ба версияи 3-юми стандарти CSAPI (Common Spelling Application Programming Interface) мувофиуат мекунад. Барномаҳое, ки функсияи тафтиши орфографӣ бо технологияи Microsoft CSAPI сохта шудаанд, ба таври автоматӣ тафтиши матни забони тоҷикиро дастгирӣ мекунанд.

Модули аз сатр ба сатр гузаронии калимаҳои матни забони тоҷикӣ дар MS WORD 2000,XP,2003,2007.

Модули зерин имконияти ба тарзи дуруст аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳоро дар барномаи MS Word имконият дода, ҳамчун як модули иловагии тафтиши орфографии матни тоҷикӣ ҳисоб мешавад. Аз сатр ба сатр гузаронии калимаҳо бо ёрии алгоритми шахсии Солиев О.М., ки ба қоидаҳои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Модули тезауруси забони тоҷикӣ дар MS WORD 2000,XP,2003,2007.

Модули зерин барои калимаи пешниҳодшудаи тоҷикӣ рӯихати калимаҳои ҳаммаъно (синоним), аз манбаи калимаҳои тезаурус пешниҳод мекунад. Айни ҳол дар модули тезаурус ба миқдори 2000 калимаҳои ҳаммаъно нигоҳ дошта шудааст.

9in1 Dictionary

4in1 Dictionary

Салом Дӯстон!

Ба саҳми Шумо луғати электронии 9 дар 1 пешниҳод карда мешавад.

Барнома дар сомонаи www.tajlingvo.tj ройгон дастрас мебошад.

Барнома аз қисмҳои зерин иборат аст:

1. Луғати Тоҷикӣ-Русӣ

2. Луғати Русӣ-Тоҷикӣ

3. Луғати Тоҷикӣ-Англисӣ

4. Луғати Англисӣ-Тоҷикӣ

5. Луғати Тоҷикӣ-Немисӣ

6. Луғати Немисӣ-Тоҷикӣ

7. Фарҳанги забони тоҷикӣ бо тафcир

8. Фарҳанги забони тоҷикӣ бо иловаи ҳуруфоти форсӣ

9. Номҳои миллии тоҷикӣ бо навишти русӣ ва англисӣ

Барои пешниҳод ва хулоса ба суроғаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. нависед.

Имкониятҳои барнома боз ҳам васеъ карда шуда истодааст.

Агар хоҳиши дастгирӣ намудани лоиҳаро дошта бошед, бо истифодаи телефони мобилӣ фармони зеринро иҷро намоед (муштарии ширкати ТСЕЛЛ – 20 дирам).


*188*928401004*SUMMA#


Маблағи SUMMA-ро худ ворид кунед. Мисол барои 10 сомони. *188*928401004*10#


Маблағи ҷамъ шуда, барои васеъ намудани имкониятҳои барнома истифода мешавад.

Ташаккур ва орзу дорем, ки барнома ба Шумо кумак мерасонад.


Дастрас намудани барнома тариқи ҳаволаҳои зерин имконпазир аст:

- сабти барнома ба системаи навъи х32

- сабти барнома ба системаи навъи х64