Лоиҳаи "Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org"
Лоиҳаи мазкур бо мақсади дастрас намудани як қатор имкониятҳои ҳуҷҷатнигории барномаҳои оффисии OpenOfficeOrg. бо забони тоҷикӣ амалӣ карда мешавад, ки дар шароити имрӯза талаботи замон аст. Дар доираи ин лоиҳа пакети барномаҳо барои барои насб кардани имкониятҳои тафтиши орфографии калимаҳо ва пешниҳоди вариантҳои калимаҳои дуруст, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо ва луғати синонимҳо, омонимҳо ва антонимҳои калимаҳои забони тоҷикӣ, сохта мешаванд. Локализатсия ё худ дохил кардани забони дилхоҳ ба системаи оффисӣ масъалаи мушкил ва меҳнатталаб аст. Аз сабаби норасоии маблағгузорӣ барои милликунонии ҳамаи имкониятҳои оффисӣ корпоратсияҳои бузурге мисли Microsoft барои ҳалли масъалаҳои мазкур барои забонҳои шумораи истифодабарандаашон кам буда машғул намешаванд. Он як қатор тадқиқотҳои фундаменталиро талаб мекунад, ки натиҷаҳои он метавонад барои ҳалли масъалаҳои дигар, аз ҷумла тадқиқотҳои лингвистикаи компютерӣ ва назарияи мухобирот, заминаи муҳим мешавад. Дар суръати ба поён расидани лоиҳа чунин натиҷаҳо ба даст меоянд:
- имконияти тафтиши орфографии калимаҳои забони тоҷикӣ дар OpenOfficeOrg;
- имконияти аз сатр ба сарт гузаронидани калимаҳо мувофиқи қоидаи имлои забони тоҷикӣ;
- имконияти пешниҳоди синоним ва антоними калимаҳои серистеъмоли забони тоҷикӣ;
- базаи калимаҳои забони тоҷикӣ бо басомади истифодашавӣ;
- базаи морфҳои забони тоҷикӣ (префиксҳо, решаҳо ва постфиксҳо);
- гурӯҳбандии префиксҳо ва постфиксҳо.
Ҳамчун натиҷаи кӯтоҳмуддати лоиҳаи мазкур, дастовардҳои зеринро қайд кардан мумкин аст:
- тезонидани раванди компютеризатсияи забони тоҷикӣ;
- баланд бардоштани сифати коргузории электронӣ;
- кам кардани шумораи хатогиҳои имлогӣ ва хатогиҳои ҳангоми ба тарзи автоматӣ аз сатр ба сатр кӯчонидани калимаҳо.
- тезонидани раванди омӯзиши барномаҳои озодасос;
- паст кардани шумораи истифодабарандагони копияҳои пиратӣ истифодамебурда;
Дастовардҳои зерини лоиҳаи мазкур ҳамчун натиҷаҳои дарозмуддат берун аз ҳудуди мақсади проект ҳамчун заминаи асосӣ истифода шуда метавонанд:
- базаи морфҳои забони тоҷикӣ барои тартиб додани морфоанализатори забони тоҷикӣ;
- Базаи калимаҳои забони тоҷикӣ барои тартиб додани луғати басомади забони тоҷикӣ;
- Матнҳои ҷамъоваришуда барои тартиб додани корпуси забони тоҷикӣ;
- гурӯҳбандии постфиксҳо ва префиксҳо бо илова намудани тағйироти андак барои тегиронии корпуси забони тоҷикӣ;
- маълумотҳои оморӣ бо ҳамбастагии дастовардҳои дигар барои таҳлили синтаксисӣ ва семантикии матнҳои забони тоҷикӣ.
- маълумотҳои ҷамъоваришуда барои тартиб додани корпусҳои параллелӣ.
Лоиҳаи мазкур як шохаи кори ташкилоти мо буда, чи тавре ки дар боло қайд карда шуд, аксарияти натиҷаҳои бадастомада дар оянда ҳамчун замина барои амалӣ гаштани як қатор корҳои илмӣ-амалӣ, аз ҷумла, тартиб додани корпуси забони тоҷикӣ, таҳлил ва тафтиши грамматикӣ, таҳлили семантикӣ ва мақсади калидӣ тартиб додани барномаи тарҷумон аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ (русӣ) ва баръакс истифода бурда мешавад.
Дар системаи барномаҳои ООО аналоги ин барнома барои забони тоҷикӣ вуҷуд надорад, ҳолати калидӣ дар ин лоиҳа дар он аст, ки бо воситаи модули тартиб додани парадигмаҳои калимаҳо ва гурӯҳбандии постфиксҳо барнома метавонад, тафтиши тарзи дурустии ҳамаи калимаҳоро амалӣ кунад. Дар ин ҷода дар доираи лоиҳаҳои илмӣ як қатор корҳо иҷро шуда мақолаҳои илмӣ нашр гаштаанд, ки он ҳам дастовардҳои иштирокчиёни ин лоиҳа мебошад.
Натиҷаи ин лоиҳаро тамоми ашхосе, ки аз компютер истифода мебаранд ва талаботи тартиб додани ҳуҷҷатҳоро ба забони тоҷикӣ доранд, истифода бурда метавонанд.
Аз он хотир, ки барномаи мазкур дар асоси қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тартиб дода мешавад, онро дар тамоми миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда метавонанд. Илова бар ин ашхоси берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҳангоми навиштани матнҳои тоҷикӣ аз он истифода бурда метавонад.
Баъд аз ба итмом расидани лоиҳа ва ба даст омадани натиҷаҳои ниҳоӣ дар мизи мудаввар ва семинар-тренингҳо тарзи истифодабарии барнома омӯзонида мешавад, илова бар ин дар сайтҳои интернетии мутобиқ барнома ва дастурамали истифодабарии он гузошта мешавад. Мо фикр мекунем, ки бо истифода аз амалҳои дар боло зикршуда тарғиб ва ташвиқи барнома ҳадафрас хоҳад буд.
Пакети барномаҳои OpenOffice.org-ро дар шабакаи Интернет аз сомонаи OpenOffice.org дастрас намуда метавонед.
Луғати Tajik Hunspell Dictionary-ро дар шабакаи Интернет дар суроғаи www.tajlingvo.tj/project/TajikHunSpellDictionary дастрас мебошад.
Дар вақти дарёфти камбудӣ ва ё нуқсон дар луғати Tajik Hunspell Dictionary ё ин ки барои пешниҳод ва хулосаи худ оиди луғатро изҳор намудан бо суроғаҳои зерин This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. бо созандагони луғат ба тамос баромада метавонед.