TajGraph - драйвер барои клавиатура
Драйвери TajGraf баҳри дохил намудани ҳуруфҳои тоҷикӣ ба қатори тақсимотҳои клавиатурӣ бар ҳудуди системаи оператсионӣ Windows XP коркард шудааст.
Конвертор
Модули мазкур барои табдилдиҳии матни бо шрифтҳои ғайристандартӣ навишта шуда(инъикоси матн, ҳангоми мавҷуд набудани шрифти мазкур дар компютери дигар ноимкон аст)ба шрифти стандарӣ хизмат мекунад.
TajSpell 1.0 – Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар MS Office.
TajSpell 1.0 ин модули тафтиши имлои забони тоҷикӣ ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо дар барномаҳои Microsoft Office ва дигар барномаҳо аст, ки дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кормандони кафедраи «Таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ» Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва мактаби илмии лингвистикаи тоҷикӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази рушди технологияҳои иттилоотӣ Зафар Усмонов” бо ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии Microsoft сохта шудааст.
1000 шрифт
Шрифтҳое, ки ба пакети 1000 шрифт, ки дар асоси кодҳои стандартии ҳарфҳои тоҷикӣ тартиб дода шудаанд. Ин шрифтҳо но вобаста аз мавҷудияташон дар дигар компютерҳо ҳарфҳои матн инъикос мегардад.
9in1 Dictionary
Барнома барои тарҷумаи калимаҳо аз забонҳои русӣ, англисӣ ба тоҷикӣ ва баръакс коркард карда шудааст ва ҳамчунин бо мақсади осон намудани азхудкунии забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ ёри мерасонад.