+992 (92) 840-10-04

Лоиҳаи мазкур бо мақсади дастрас намудани як қатор имкониятҳои ҳуҷҷатнигории барномаҳои оффисии OpenOfficeOrg. бо забони тоҷикӣ амалӣ карда мешавад, ки дар шароити имрӯза талаботи замон аст. Дар доираи ин лоиҳа пакети барномаҳо барои барои насб кардани имкониятҳои тафтиши орфографии калимаҳо ва пешниҳоди вариантҳои калимаҳои дуруст, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо ва луғати синонимҳо, омонимҳо ва антонимҳои калимаҳои забони тоҷикӣ, сохта мешаванд. Локализатсия ё худ дохил кардани забони дилхоҳ ба системаи оффисӣ масъалаи мушкил ва меҳнатталаб аст. Аз сабаби норасоии маблағгузорӣ барои милликунонии ҳамаи имкониятҳои оффисӣ корпоратсияҳои бузурге мисли Microsoft барои ҳалли масъалаҳои мазкур барои забонҳои шумораи истифодабарандаашон кам буда машғул намешаванд. Он як қатор тадқиқотҳои фундаменталиро талаб мекунад, ки натиҷаҳои он метавонад барои ҳалли масъалаҳои дигар, аз ҷумла тадқиқотҳои лингвистикаи компютерӣ ва назарияи мухобирот, заминаи муҳим мешавад. Муфассал

Баҳри амалӣ намудани мақсадҳои хеш Ташкилот фаъолитҳои зеринро ба роҳ мондааст:

– омода сохтан ва нашри маҳсулотҳои чопӣ, дастурамалҳои методӣ, барномаҳои компютерӣ, сомонаҳо, каталогҳо ва маҷмӯи мақолаҳо;

– ташкил ва дастгирии сохтани таъминоти барномавӣ ва дигар маҳсулотҳои компютерӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (аз он ҷумла Интернет ва интранет) аз рӯи технологияҳои нав ва татбиқи технологияҳои мавҷуда;

– ташкил ва гузаронидани корҳои илмӣ-методӣ, машваратӣ, мониторингӣ ва таҳлилӣ;

– омода сохтани (инчунин танзим ва васеъкунии) ҷойҳои кории компютерӣ, нуқтаҳои дастрасии Интернет ва Интранет, шабакаҳои компютерӣ барои паҳншавӣ ва татбиқи технологияҳои компютериву иттилоотӣ;

– ҳамкорӣ, ивази малака бо ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, хориҷӣ, байналхалқӣ ва шахсони инфиродӣ, бо ин мақсад равон сохтани коркунони Ташкилот ба сафари хизматӣ, инчунин қабули шахсони дар боло зикр шуда ва намояндагони он ташкилотҳо;

– ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ҷалб кардани онҳо барои ҳамкорӣ дар намуди дигар, сохтан ва ташкили гурӯҳи (коллективи кории муваққатӣ) кории олимон, экспертҳо ва мутахассисон;

– ташкил ва гузаронидани анҷуман, конференсия, намоишҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо, лексияҳо, мониторингҳо ва дигар чорабиниҳо дар доираи фаъолияти оинномавӣ;

– ташкил ва гузаронидани анҷуман, конференсия, форумҳо, мусобиқаҳо, олимпиадаҳо, озмунҳо, семинарҳо, мактаби илмӣ ва дигар чорабиниҳои илмӣ ва амалӣ бо иштироки мутахассисони хориҷӣ;

– ҳамкорӣ бо воситаи ахбори умум дар Тоҷикистон ва хориҷи он, идораҳо, муассисаҳо, фондҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ;

– иштирок дар ассотсиатсияҳо, фондҳо, ҷамъиятҳои давлатӣ ва ғайридавлатии иттилоотӣ, илмӣ ва тиҷоратӣ.

– ба амал даровардани амалиётҳои истеҳсолӣ-хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ барои расидан ба мақсадҳои оинномавӣ;

– ба амал даровардани маблағгузории лоиҳаҳо, барномаҳо ва дигар чорабиниҳои мувофиқ ба мақсади оинномавӣ;

– иштирок дар конкурсҳои ҷумҳуриявӣ, хориҷӣ, байналхалқӣ ва аз тарафи шахсони инфиродӣ ташкил шуда бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳову барномаҳои Ташкилот;

– ташкил ва гузаронидани намоишҳо, намоиши фурӯш, лексияҳо ва дигар чорабиниҳо бо мақсади маблағгузории барномаҳои Ташкилот, ба амал овардани ҷамъи ҳадяҳои ташкилоту корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, хориҷӣ, байналхалқӣ ва шахсони инфиродӣ.

Мо ҳамаи хоҳишмандонро баҳри ҳамкорӣ ва пешбурди ҷабҳаҳои пешбарандаи ҷомеъа даъват месозем.

Ҳоло ягон вазифаи холӣ мавҷуд нест.

Телефонҳо:

+992 (92) 840-10-04

Макони мо: вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд

Почтаи электронӣ:

This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Моро пайраҳи кунед:

Facebook

Subcategories