+992 (92) 840-10-04

Шарҳи ҳол

Усмонов Зафар Ҷӯраевич дар моҳи августи соли 1937 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) таваллуд шудааст.

Падараш Усмонов Ҷӯра (1907 - 1974) – таърихшинос ва рӯзноманигори шинохта, олими намоён, номзади илмҳои таърих, дотсент, зодаи шӯрои деҳоти Кӯчкаки шаҳри Конибодом.

Модараш Усмонова (Аҳророва) Ҳамро (1914 – 2005) ходими ҳизбӣ буда, дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст.

Зафар Ҷӯраевич соли 1944 дар мактаби миёнаи № 1 шаҳри Душанбе таҳсилро оғоз намуда дар соли 1954 онро хатм намудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1959 донишҷӯи Донишгохи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов ва фориғуттаҳсили аълохони бахши механикаи факултети механикаю математикаи донишгоҳи номбурда гаштааст.

Соли 1959 пас аз хатми донишгоҳ ба аспирантураи Шӯъбаи механикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов таҳсил намуда, аввал таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ СССР, Барандаи ҷоизаи ба номи Ленин – Н.Г.Четаев (вафот соли 1959) оид ба устувории ҳаракат, баъдан таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ СССР, барандаи ҷоизаи ба номи Ленин, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ – Д.Е.Охотcимский роҷеъ ба масъалаҳои траекторияи оптималии гузариш байни орбитаҳои кайҳонӣ кор бурдааст.

Устод Зафар Ҷӯраевич Усмонов дар давоми фаъолияташ боз вазифаҳои зиёди бонуфузро ба ӯҳда дошт:

- узви вобастаи АФ РСС Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «математика»;

- академик- котиби Шӯъбаи фанҳои физикаю математика, химия ва геология;

- аъзои раёсати АФ Тоҷикистон;

- сармуҳаррири маҷаллаи «Известия АН Таджикской ССР, серия физико – математических наук»;

- директори Институти математика бо Маркази ҳисоббарории АФ РТ (1988 - 1999).

Ӯ ба унвонҳои илмии зерин сазовор гардидааст:

- унвони илмии профессори кафедраи «математикаи амалӣ»-и ДДТ;

- профессори филиали дар Волжский будаи Институти энергетикаи Москва;

- академики АФ Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «математика».

Хизматҳои шоёни ӯ дар назди халқу ватан бо нишон ва ифтихорномаҳои зиёде қадрдонӣ шудаанд:

- бо медали «Барои хизмати шоиста. Ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин»;

- бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои олии РСС Тоҷикистон;

- бо нишони фахрии ВЛКСМ ба муносибати 70-солагии комсомоли Ленинӣ;

- бо нишони Кумитаи варзиш ва маданияти назди Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон «Ветеран физкультуры и спорта Таджикской ССР»;

-Собиқадори меҳнати Федератсияи Руссия(1998).

Ба ғайр аз фаъолияти илмӣ, ӯ сиёсатмадори варзида буда, намояндагии чандин маҳфилҳои сиёсиро ба ӯҳда дошт:

-Намояндаи Шӯрои олии РСС Тоҷикистон(1985 -1990);

-Намояндаи анҷумани XX Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон(1986);

-Аъзои комиссияи тафтишотии КМ ПК Тоҷикистон;

-Намояндаи анҷумани XXI ПК Тоҷикистон

Паҳлӯҳои дигари фаъолияти илмию сиёсии З.Ҷ.Усмонов дар фаслҳои «Санаҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти академик З.Ҷ.Усмонов» ва «Номгӯи корҳои илмии нашршудаи академик З.Ҷ.Усмонов» батафсил оварда шудаанд ва хонандаи мӯҳтарам метавонад аз онҳо маълумоти лозимӣ дарёфт кунад.

Мизи мудаввар оид ба намоиши комплекси барномаҳои TajSpell

Санаи 12.09.2013 сол дар шаҳри Хуҷанд намоиши комплекси барномаҳои TajSpell бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма ва кормандони техникии матбааҳо ва нашрияҳо дар толори маҷлисгоҳи Кохи матбуот баргузор гардид.

Хуҷанд: намоиши натиҷаҳои лоиҳаи «Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org»

26 апрели соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мизи мудаввар барои муаррифи намудани натиҷаҳои ба даст оварда дар асоси лоиҳаи "Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org" баргузор шуд, ки аз тарафи Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағузорӣ шудааст.

Дар мизи мудаввар рӯзноманигорон, кормандони техникии ташкилотҳо, намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва донишҷӯён иштирок доштанд. Маъракаи мазкур аз тарафи директори ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Мақсудов А.Т. кушода эълон гардид. Дар рафти машварат аз тарафи муаллифон Солиев О.М., Худойбердиев Х.А. ва Довудов Г.М. бо роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, академики АИ ҶТ, профессор Усмонов Зафар натиҷаҳои ба даст омада пешниҳод карда шуда, тартиби кори модули "Тафтиши имлои забони тоҷикӣ" дар OpenOffice.org шарҳ дода шуд. Ҳамчунин баромади намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд, Зафар Шафиев шунида шуд.

Боиси ифтихор аст, ки модули мазкур аз тарафи иштирокчиён хуш пазируфта шуда, қисми асосии мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва хулосабанди ба итмом расид.

Ҳамчунин мизи мудаввар санаи 2 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Маросими ноил гардидан ба мукофоти давлатӣ

Тақдими Ҷоизаи, давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон

Субҳи 04.09.2013 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 22-юми истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии ҳарбию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ баргузор гардид.

Дар ин маросим аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба доктори илмҳои физика ва математика, академики АИ ҶТ, профессор Зафар Усмонов, низ Ҷоизаи, давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника тақдим гардид.

Сарчашма: Сомонаи расмии «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Устодро кулли кормандони ташкилоти ҷамъияти МРТИ «Зафар Усмонов» бо ноил гардидан ба ин мукофоти давлатӣ муборакбод мегӯем.

Душанбе: намоиши натиҷаҳои лоиҳаи «Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org»

Subcategories