+992 (92) 840-10-04

Хуҷанд: намоиши натиҷаҳои лоиҳаи «Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org»

26 апрели соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мизи мудаввар барои муаррифи намудани натиҷаҳои ба даст оварда дар асоси лоиҳаи "Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org" баргузор шуд, ки аз тарафи Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағузорӣ шудааст.

Дар мизи мудаввар рӯзноманигорон, кормандони техникии ташкилотҳо, намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва донишҷӯён иштирок доштанд. Маъракаи мазкур аз тарафи директори ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Мақсудов А.Т. кушода эълон гардид. Дар рафти машварат аз тарафи муаллифон Солиев О.М., Худойбердиев Х.А. ва Довудов Г.М. бо роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, академики АИ ҶТ, профессор Усмонов Зафар натиҷаҳои ба даст омада пешниҳод карда шуда, тартиби кори модули "Тафтиши имлои забони тоҷикӣ" дар OpenOffice.org шарҳ дода шуд. Ҳамчунин баромади намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд, Зафар Шафиев шунида шуд.

Боиси ифтихор аст, ки модули мазкур аз тарафи иштирокчиён хуш пазируфта шуда, қисми асосии мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва хулосабанди ба итмом расид.

Ҳамчунин мизи мудаввар санаи 2 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон баргузор мегардад.